БОЗ ЯК ТОҶИКИ РЕКОРДСМЕН
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзномаҳои Федератсияи Русия ва сайтҳои интернетии он ба як тоҷики «рекордсмен» таваҷҷӯҳ кардаанд. Онҳо дар бораи пиёда аз шаҳри Рязан то ба Душанбе сафар намудани Алексей Авғонови тоҷик борҳост, ки хабар медиҳанд. Рӯзномаи «Спорт» — и шаҳри Рязан дар саҳифаи «Мардҳои наҷиб» номи шаҳрванди Тоҷикистон, ки алҳол истиқоматкунандаи шаҳри Рязан аст навиштааст: Алексей Авғонов ба рекордҳои Гиннес дохил шуданист. Ёдовар мешавем, ки Алексей Авғонов 27 – уми март пиёда роҳи Рязан — Душанберо пеш гирифт ва умед дорад рӯзи 9 – уми сентябри соли ҷорӣ, дар рӯзи 19 – солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ вориди Душанбе гардад. Ба гуфти Алексей Авғонов, ӯ ин рекордро ба муносибати 65 – солагии ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ва 19- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшиданист. Дирӯз мавсуф ба деҳаи Шатск расид, сафараш ҷониби Душанбе аз тарафи идораҳои сайру саёҳӣ дасгирӣ ва назорат карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






