БОЗДОШТИ НАШЪАҶАЛЛОБ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ “Ховар”, Жасмин Назарова). – Кормандони шўъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири шўъбаи корҳои дохилии рақами 2 ноҳияи Сино, ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ дар кўчаи Федини пойтахт шаҳрванд Хуршедшо Султоншоев соли таваллудаш 1984, сокини кўчаи номбурдаро дастгир намуданд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи полиэтилении дар дасти ў буда, маводи нашъадори навъи ҳашиш, ки вазнаш 590 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карданд. Сипас азназаргузаронии хонаи истиқоматии Х. Султоншоев аз дохили ҷевон маводи навъи ҳашиш, ки 1 кг 530 гр ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






