ДАР БИШКЕК ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА ҶОРӢ КАРДА ШУД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Аз дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Бишкек хабар доданд, ки дар пойтахти Қирғизистон вазъияти фавқулодда ҷорӣ карда шуд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд намесозад, танҳо ба онҳо тавсия дода шудааст, ки дар вақти муқарраршуда аз хонаҳояшон берун набароянд. Аз рӯи хабарҳои воситаҳои ахбори оммавӣ, имрӯз дар шаҳри Бишкек байни кормандони милиса ва намоишгарон якчанд задухӯрди шадид ба амал омад. Дар натиҷа чандин одамон маҷрӯҳ шуданд. Хабар дода мешавад, ки қариб 90 нафар маҷрӯҳ ба шифохонаҳо фиристода шуд. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев шаби гузашта дар бораи ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда ва қуюди шабгардӣ фармон имзо карда, ба муҳокимаи парлумон фиристод. Қуюди шабгардӣ дар Бишкек аз соати 22 то 8 – и субҳ давом мекунад.








Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






