ДАР ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ «ЧОДАРИ ХАЁЛ» ОҒОЗ ГАРДИД

Апрель 16, 2010 13:25

Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, 16 апрел Фестивали дуюми байналмилалии театрҳои лўхтак «Чодари хаёл» дар Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ҷашновора Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шўъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Фестивали мазкур аз 16 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе  идома ёфта, дар он аз давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла, Русия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Белоруссия, Қирғизистон ва ҳамчунин аз Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуда, беҳтарин намоишномаҳои худро пешкаши тамошобинони хурдсоли тоҷик мегардонанд. Аз Тоҷикистон дар ҷашнвораи мазкур  Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе бо намоишномаи «Тахайюлоти ҷанг ва сулҳ» ва Театри давлатии лўхтаки шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бо намоишномаи «Дар меҳмонии Лаку Пак» ширкат меварзанд. Дар ин фестивал Русияро Театри миллии лўхтаки вилояти Оренбург бо намоишномаи «Чўҷаи заррин», Украина бо Театри академии вилоятии лўхтаки Хмелнитскии «Ивасик-Телесик», Озарбойҷон бо Театри давлатии лўхтаки ба номи М.Т. Сидқӣ «Чикчик-хонум»,  Қазоқистонро Театри лўхтаки «Лакай»-и вилояти Актюбинский «Ёли аспонро кӣ мебофад?», Қирғизистонро намоишномаи «Сатилчаи сеҳрнок» ва Театри лўхтаки  Эронро  «Ҳафтхон», бо намоишномаи «Ҳафтхони Рустам» муаррифӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар чаҳорчўбаи ин барнома конфронси илмиву амалӣ дар мавзўи «Тарбияи эстетикии театрии тамошобинон» дар назар дошта шуда, меҳмонон аз ҷойҳои таърихию фарҳангии пойтахт ва Қалъаи Ҳисор дидан хоҳанд кард. Бояд ёдрас шуд, ки фестивал аввалин бор моҳи сентябри соли 2007 бо номи «Кўдакон-ояндаи сайёра» баргузор шуда буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Апрель 16, 2010 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст