ДАР ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ «ЧОДАРИ ХАЁЛ» ОҒОЗ ГАРДИД
Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, 16 апрел Фестивали дуюми байналмилалии театрҳои лўхтак «Чодари хаёл» дар Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ҷашновора Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шўъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Фестивали мазкур аз 16 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе идома ёфта, дар он аз давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла, Русия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Белоруссия, Қирғизистон ва ҳамчунин аз Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуда, беҳтарин намоишномаҳои худро пешкаши тамошобинони хурдсоли тоҷик мегардонанд. Аз Тоҷикистон дар ҷашнвораи мазкур Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе бо намоишномаи «Тахайюлоти ҷанг ва сулҳ» ва Театри давлатии лўхтаки шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бо намоишномаи «Дар меҳмонии Лаку Пак» ширкат меварзанд. Дар ин фестивал Русияро Театри миллии лўхтаки вилояти Оренбург бо намоишномаи «Чўҷаи заррин», Украина бо Театри академии вилоятии лўхтаки Хмелнитскии «Ивасик-Телесик», Озарбойҷон бо Театри давлатии лўхтаки ба номи М.Т. Сидқӣ «Чикчик-хонум», Қазоқистонро Театри лўхтаки «Лакай»-и вилояти Актюбинский «Ёли аспонро кӣ мебофад?», Қирғизистонро намоишномаи «Сатилчаи сеҳрнок» ва Театри лўхтаки Эронро «Ҳафтхон», бо намоишномаи «Ҳафтхони Рустам» муаррифӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар чаҳорчўбаи ин барнома конфронси илмиву амалӣ дар мавзўи «Тарбияи эстетикии театрии тамошобинон» дар назар дошта шуда, меҳмонон аз ҷойҳои таърихию фарҳангии пойтахт ва Қалъаи Ҳисор дидан хоҳанд кард. Бояд ёдрас шуд, ки фестивал аввалин бор моҳи сентябри соли 2007 бо номи «Кўдакон-ояндаи сайёра» баргузор шуда буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






