ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН КОМИССИЯИ ЭКОЛОГӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД
Душанбе, 12 аперл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрел Комиссияи экологӣ таъсис дода шуд. Назар ба иттилои сардори хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, комиссияи мазкур 15 нафар вакилони Маҷлиси намояндагонро дар худ муттаҳид месозад. Мақсад аз таъсиси комиссияи экологӣ баррасӣ намудани масъалаҳои марбут ба экология — аз ҷумла об, ҳаво, ҳифзи муҳити зист дар сатҳи парлумони кишвар мебошад. Дар назар аст, ки 14 апрел дар ҷараёни баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум раиси Комиссияи экологӣ интихоб карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






