ДАР ПАРЛУМОНИ ҶОПОН ГУРӮҲИ ДӮСТӢ БО МН СОЗМОН ДОДА ШУД

Апрель 30, 2010 16:48

Душанбе. 30 апрел. (НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндаи ваколатдори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяму дар Душанбе баррасӣ гардиданд, Ш. Зуҳуров ба дипломатии ҷопонӣ доир ба сохтори феълии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва нақши он дар таҳияи қонуну санадҳои ба манфати ҷомеа нигаронида шуда, маълумот дод. Мавсуф афзуд, ки нақши Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон назарррас буда, Ҳукумати Ҷопон доимо иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ менамояд. Мусоҳибон ҳамзамон доир ба таҳкими равобити байнипарлумонии ҳар ду кишвар табодули назар карданд. Намояндаи ваколатдори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки дар парлумони Ҷопон, ки аз ду палата иборат  аст,  гурӯҳи дӯстию ҳамкорӣ бо парлумони Тоҷикистон созмон дода шудааст, ки ба тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар заминаи  мусоидро фароҳам меорад. Ҷонибҳо ҳамзамон,  масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Апрель 30, 2010 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад