ДАР СЕ МОҲ 59000 ХОРИҶӢ БА ТОҶИКИСТОН ОМАДААСТ

Апрель 13, 2010 15:44

Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Аз маълумотҳои омории мақомоти ҳифзи сарҳадот бармеояд, ки дар семоҳаи аввали ҳисоботӣ ба кишвар 59000 шаҳрванди хориҷӣ ворид гаштааст. Дар ин бора муовини раиси   Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев иттилоъ дод.   Аз ҳисоби зикршуда 44000 нафари онҳо бо мақсадҳои шахсӣ, 2200  транзитӣ, 6700 хизматӣ ва 3000 нафар ҳамчун турист ба мамлакат сафар кардаанд. Нишондиҳандаҳо собит месозанд, ки ба ҳайси турист ҷумҳурии моро бештар шаҳрвандони кишварҳои  Эрон, Афғонистон, Россия, Амрико, Хитой, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ ташриф овардаанд. Дар маҷмӯъ, бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона  намояндагони зиёда аз 60 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамчун турист дидан намудаанд, гуфт дар охир Лочин Файзуллоев.

Апрель 13, 2010 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд