ДАР СЕ МОҲ 59000 ХОРИҶӢ БА ТОҶИКИСТОН ОМАДААСТ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз маълумотҳои омории мақомоти ҳифзи сарҳадот бармеояд, ки дар семоҳаи аввали ҳисоботӣ ба кишвар 59000 шаҳрванди хориҷӣ ворид гаштааст. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев иттилоъ дод. Аз ҳисоби зикршуда 44000 нафари онҳо бо мақсадҳои шахсӣ, 2200 транзитӣ, 6700 хизматӣ ва 3000 нафар ҳамчун турист ба мамлакат сафар кардаанд. Нишондиҳандаҳо собит месозанд, ки ба ҳайси турист ҷумҳурии моро бештар шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Россия, Амрико, Хитой, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ ташриф овардаанд. Дар маҷмӯъ, бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони зиёда аз 60 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист дидан намудаанд, гуфт дар охир Лочин Файзуллоев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






