ДАР ШАҲР НУҚТАИ НИГОҲДОШТИ ПАРТОВҲОИ ХАТАРНОК ТАШКИЛ ДОДА МЕШАВАД

Апрель 6, 2010 12:23

Душанбе. 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд реҷаи баровардани партовҳо аз ҷониби истифодабарандагон ва шаҳрвандон ба майдончаҳо ва нуқтаҳои партовҷамъкунӣ аз соати 17. 00 то соати 23. 00 муқаррар гардида,  дар ҳар як партовгоҳ шахсони доимӣ вобаста мешаванд. Дар ин хусус  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Қарор «Дар бораи тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва безарар гардонидани партовҳои маишӣ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» ба тасвиб расонид. Дар асоси ин қарор дар ҳар як партовгоҳ шахсони доимӣ вобаста шуда, дар назди майдончаҳо, нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва партовгоҳҳои умумии шаҳрӣ номи шахси масъул, реҷаи партофтани партовҳо, ташкилоти вобасташуда ва ҷаримабандӣ дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои экологӣ дарҷ меёбад. Минбаъд партофтани партовҳо ба ҷойҳои муқарраршуда, бо нишондоди варақаи расмии пардохт (квитансия) сурат мегирад. Раиси шаҳр дар қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳрро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои меъморию заминсозӣ дар ҳар як ноҳия нуқтаи ҷамъоварӣ ва нигоҳдошти партовҳои хатарнок, аз ҷумла партовҳои дар таркибашон симоб дошта, ба мисли лампаҳои люминисентӣ, таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи симобиро таъмин намоянд.

Апрель 6, 2010 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд