ДАР ШАҲР НУҚТАИ НИГОҲДОШТИ ПАРТОВҲОИ ХАТАРНОК ТАШКИЛ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе. 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд реҷаи баровардани партовҳо аз ҷониби истифодабарандагон ва шаҳрвандон ба майдончаҳо ва нуқтаҳои партовҷамъкунӣ аз соати 17. 00 то соати 23. 00 муқаррар гардида, дар ҳар як партовгоҳ шахсони доимӣ вобаста мешаванд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Қарор «Дар бораи тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва безарар гардонидани партовҳои маишӣ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» ба тасвиб расонид. Дар асоси ин қарор дар ҳар як партовгоҳ шахсони доимӣ вобаста шуда, дар назди майдончаҳо, нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва партовгоҳҳои умумии шаҳрӣ номи шахси масъул, реҷаи партофтани партовҳо, ташкилоти вобасташуда ва ҷаримабандӣ дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои экологӣ дарҷ меёбад. Минбаъд партофтани партовҳо ба ҷойҳои муқарраршуда, бо нишондоди варақаи расмии пардохт (квитансия) сурат мегирад. Раиси шаҳр дар қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳрро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои меъморию заминсозӣ дар ҳар як ноҳия нуқтаи ҷамъоварӣ ва нигоҳдошти партовҳои хатарнок, аз ҷумла партовҳои дар таркибашон симоб дошта, ба мисли лампаҳои люминисентӣ, таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи симобиро таъмин намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






