ДАР СУҒД 61 КОРХОНА АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД

Апрель 22, 2010 10:56

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 61 корхона ё  25,2 фоиз корхонаи саноатӣ дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондааст. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 243 корхонаи саноатӣ 131 корхона ё ки 53,9 фоиз афзоишро нисбати ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуда, 51 корхона ё ки 20,9 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намудаанд. Аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят танҳо ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта афзоиши маҳсулоти саноатиро таъмин карда натавонистанд. Аз 75 номгӯи маҳсулоти асосии истеҳсолшавандаи саноатӣ, дар соли ҷорӣ истеҳсоли 35 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати сабук 49,3 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,5 фоизро дарбар гирифт. Мавриди зикр аст, ки суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд нисбати семоҳаи аввали соли 2009-ум 129,1 фоизро ташкил намуда, ба маблағи 69,9 млн. сомонӣ зиёд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо нархҳои муқоисавӣ ба 310,4 млн. сомонӣ баробар шуд.  

Апрель 22, 2010 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст