ДАР ТОҶИКИСТОН ҲУКУМАТИ ЭЛЕТРОНӢ ТАШКИЛ МЕЁБАД

Апрель 28, 2010 16:48

28 апрели соли 2010  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҷаласаи панҷуми Шўрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа  Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Котиби масъули Шўрои машваратӣ Давлаталӣ Саидов, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва намояндагони сершумори кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалии мададрасони Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии кори Шўрои машваратӣ, ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблии шўро,  нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин мавзўъ, нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ ва лоиҳаи рўзномаи кории ҷаласаи ояндаи Шўрои машваратӣ баррасӣ шуд. Оид ба масоили номбурда нахуст маърўзаи Котиби масъули Шўрои машваратии назди Президенти мамлакат, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов шунида шуд. Аз ҷумла, аз раванди беҳшавии тадриҷии фазои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба гуфти Давлаталӣ Саидов маҳз натиҷаи ҳамин кор буд, ки Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ 12 зина боло рафта, ба қатори 10 кишвари ислоҳотбаранда ворид шуд. Дар ҷаласа ҳамчунин аъзои шўро — Раиси иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Некрўй Забиров,  Роҳбари Асотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков, Роҳбари Асотсиатсияи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон Зайд Саидов ва Роҳбари Агентии ИМА оид ба рушди  байналмилалӣ Ҷефри Леҳрер дар бораи корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои ояндаи беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ андешаронӣ карданд. Зимни ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ ва механизми татбиқи ин нақша ба баррасии маҷлиси Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз қабул ва татбиқи нақшаи мазкур баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Тоҷикистон оид ба «Пешбурди тиҷорат» аз рўи панҷ нишондиҳанда — «савдои байналмилалӣ», «дастрас намудани қарзҳо», «андозситонӣ», «гирифтани иҷозат барои сохтмон» ва «таъсиси корхонаҳо» мебошад. Қарор карда шуд, ки дар ҷаласаи ояндаи Шўрои машваратӣ масъалаи «татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди тиҷорати электронӣ» баррасӣ гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ҷамъбастии худ масоили вобатста ба беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва вусъат додани истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла ташкили ҳукумати электрониро аз вазифаҳои афзалиятноки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, баҳри татбиқи босамар ва босуръати ин ҳадафҳо ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 28, 2010 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст