ДАЪВОҲО ДАР МАСЪАЛАИ ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИК БЕАСОСАНД

Апрель 5, 2010 13:48

Душанбе,  5 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Роҳбари  дафтари  матбуоти  Корхонаи  воҳиди давлатии «Ширкати алюминии  Тоҷикистон»  Саёҳат  Қодирова  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки тобистони соли равон  дар  корхона ташхиси  байналмилалии  экологӣ  гузаронида  мешавад.  Қайд  карда  шуд, ки  чунин  ташхис  ҳар  сол  бо  иштироки  мутахассисони   созмонҳои байналмилалии  экологӣ  баргузор  мегардад. Дар  ҷараёни ташхис  таъсири  фаъолияти  корхона  ба   табиат  ва  мухити  атроф  ҳамаҷониба  санҷида  мешавад.  Айни  ҳол   таҷҳизот  ва  асбобу  анҷоми   коргоҳҳои  корхона  тармим  ва   таҷдид  карда  мешаванд.   Инчунин  тайёрӣ  ба   ташхиси  техникии он   давом  дорад.  Соли равон  барои   амалӣ  сохтани тадбирҳои  экологӣ  дар  корхона  бештар  аз  30  миллион  сомонӣ   ҷудо  карда шуд. Соли гузашта  барои  иҷрои  чунин  тадбирҳо  29,4   миллион  сомонӣ  сарф шуд.  Ташхиси байналмилалӣ  мувофиқати  фаъолияти  корхонаро ба  меъёрҳои   байналхалқии  экологӣ  муайян  менамояд,  гуфт  Саёҳат  Қодирова. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  ҳафтаи  гузашта   фаъолони  созмонҳои  экологии  Ӯзбекистон  дар  вилояти Сурхондарё  намоишҳои  эътирозӣ  ташкил  намуданд. Онҳо  даъво  доранд, ки  партовҳои   ширкати   алюминии  Тоҷикистон  ба   муҳити  зист  таъсири  манфӣ  мерасонад. С.Қодирова  таъкид  намуд, ки  даъвои  мазкур  ягон  асоси  воқеӣ  надорад. Тавре  зикр  шуд,  айни  ҳол  дар  корхона  тармиму таҷдид  ва иваз  кардани  таҷҳизоту  воситаҳои  технологӣ  давом  дорад. Бо  ин  мақсад  дар  давоми   чор  соли охир  196  миллион   доллари  ИМА  сарф  карда шуд,  гуфт  дар  хотима   роҳбари  дафтари  матбуоти  Ширкати  алюминии  Тоҷикистон.

Апрель 5, 2010 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд