ДАЪВОҲО ДАР МАСЪАЛАИ ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИК БЕАСОСАНД
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Роҳбари дафтари матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» Саёҳат Қодирова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки тобистони соли равон дар корхона ташхиси байналмилалии экологӣ гузаронида мешавад. Қайд карда шуд, ки чунин ташхис ҳар сол бо иштироки мутахассисони созмонҳои байналмилалии экологӣ баргузор мегардад. Дар ҷараёни ташхис таъсири фаъолияти корхона ба табиат ва мухити атроф ҳамаҷониба санҷида мешавад. Айни ҳол таҷҳизот ва асбобу анҷоми коргоҳҳои корхона тармим ва таҷдид карда мешаванд. Инчунин тайёрӣ ба ташхиси техникии он давом дорад. Соли равон барои амалӣ сохтани тадбирҳои экологӣ дар корхона бештар аз 30 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Соли гузашта барои иҷрои чунин тадбирҳо 29,4 миллион сомонӣ сарф шуд. Ташхиси байналмилалӣ мувофиқати фаъолияти корхонаро ба меъёрҳои байналхалқии экологӣ муайян менамояд, гуфт Саёҳат Қодирова. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ҳафтаи гузашта фаъолони созмонҳои экологии Ӯзбекистон дар вилояти Сурхондарё намоишҳои эътирозӣ ташкил намуданд. Онҳо даъво доранд, ки партовҳои ширкати алюминии Тоҷикистон ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад. С.Қодирова таъкид намуд, ки даъвои мазкур ягон асоси воқеӣ надорад. Тавре зикр шуд, айни ҳол дар корхона тармиму таҷдид ва иваз кардани таҷҳизоту воситаҳои технологӣ давом дорад. Бо ин мақсад дар давоми чор соли охир 196 миллион доллари ИМА сарф карда шуд, гуфт дар хотима роҳбари дафтари матбуоти Ширкати алюминии Тоҷикистон.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






