ДЕҲҚОНОНИ АФҒОН БА ПАРВАРИШИ ЗИРОАТ ҶАЛБ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Муассисаи ҷаҳонии озуқа ва Раёсати мубориза ба муқобили маводи нашъадор ба ҷиноятҳои СММ дар байни 700 нафар сокини деҳаҳои вулусволии Хосони вилояти Ҳилманд 60 тонна озуқа тақсим намуданд. Ин иқдом дар доираи барномаи мубориза ба муқобили парвариши зироатҳои нашъадор дар мамлакат амалӣ карда шуд. Вулусволии Хосон дар наздикии сарҳади Эрон воқеъ буда, чанде пеш минтақаи бемаводи нашъадор эълон карда шуд. Вале проблемаи бекорӣ дар ин минтақа то ҳол ҳал нашудааст. Зеро минтақаи мазкур нисбатан камоб мебошад. Сокинони он ба вилоятҳои ҳамсоя рафта, ба парвариши кӯкнор ва зироатҳои дигари нашъадор машғул мешаванд. Ба онҳо барои корашон дар як рӯз то 500 афғонӣ музди кор дода мешавад. Раёсату шӯъбаҳои СММ кӯшиш мекунанд, ки деҳқонони маҳаллии афғонро ба парвариши навъҳои дигари зироат, аз ҷумла ғалла ва сабзавот водор созанд. Барои ин киштзори зироатҳо барқарор ва ҷӯю каналҳо тармим карда мешаванд. Мувофиқи маълумоти дафтари матбуоти СММ, дар Афғонистон қариб 90 фоизи маводи нашъадори тамоми ҷаҳон истеҳсол карда мешавад. Маводи нашъадор, аз ҷумла бангдона ва героин аз Афғонистон ба Русия, мамлакатҳои Аврупо, Ҳиндустон ва Чин паҳн карда мешавад. Ҳаҷми интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ба хориҷи кишвар дар як сол 900 тонна банг ва 350 тонна героинро ташкил медиҳад. Қисми зиёди маблағи фурӯши маводи нашъадор барои таъминоти созмонҳои террористӣ сарф карда мешавад. Даромади умумии мафияи нашъа аз ҳисоби фурӯши маводи нашъадори Афғонистон дар як сол қариб ба 65 миллиард доллари ИМА мерасад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






