ДОНИШҶӮ БА ҚОЧОҚИ САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО МАШҒУЛ БУД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дарвози ВМКБ, рўзи 5 апрели соли равон дар дидбонгоҳи Зиғар автомашинаи тамғаи «Митсубиси — Демегра» рақами давлатиаш ЕО 13 17 РТ 01 таҳти идораи шаҳрванд Озод Қарачабекови 32 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтуков аз дохили боғоҷи автомашина дар сумкаи варзишӣ 49 дона сангҳои сурхчатоби қиматбаҳои ёқут, ки вазни онҳо беш аз 31 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Сангҳои номбурда ба мусофири автомашинаи мазкур Саъди Ғуломшоеви 20 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Мурғоб, донишҷўи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тааллуқ доштанд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






