ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ НОБУД КАРДА ШУД?
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 2950 кг маводи доруворӣ ва молҳои тиббии қалбаки бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шуданд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова иттилоъ дод. Инчунин, ӯ қайд намуд, ки сифати 7785 адад маводи доруворӣ санҷида шуд, ба 7749 адади онҳо сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи таҳлилӣ дода шуд, 36 адади онҳо бошад ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуданд, ки аз муомилот гирифта шуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2009 43 адад кам мебошад. Ғайр аз ин, 4831 адад маводҳои ороишӣ ва маҳсулотҳои табобатию профилактикӣ барои санҷиш пешниҳод шуда буд, ки ба 4711 адади онҳо сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи таҳлили дода шуд, 120 адади онҳо бошад ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуданд. Чуноне, ки аз рафти нишасти матбуотӣ маълум шуд, миқдори умумии маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ, шӯбҳанок ва аз қайди давлатӣ нагузашта аз дорухона ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ 295 номгӯй ба миқдори 81574 адад аз муомилот барои несту нобуд сохтан боз пас гирифта шуданд.