ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ НОБУД КАРДА ШУД?

Апрель 14, 2010 14:04

Душанбе,  14 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ  бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 2950 кг маводи доруворӣ ва молҳои тиббии қалбаки бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шуданд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова иттилоъ дод. Инчунин, ӯ қайд намуд, ки сифати 7785  адад маводи доруворӣ санҷида шуд, ба 7749 адади онҳо сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи таҳлилӣ дода шуд, 36 адади онҳо бошад ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуданд, ки аз муомилот гирифта шуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2009  43 адад кам мебошад. Ғайр аз ин, 4831 адад маводҳои ороишӣ ва маҳсулотҳои табобатию профилактикӣ барои санҷиш пешниҳод шуда буд, ки ба 4711 адади онҳо сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи таҳлили дода шуд,  120 адади онҳо бошад ба меъёрҳои                стандартӣ ҷавобгӯй набуданд. Чуноне, ки аз рафти нишасти матбуотӣ  маълум шуд, миқдори умумии маводҳои дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ, шӯбҳанок ва аз қайди давлатӣ нагузашта аз дорухона ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ 295 номгӯй ба миқдори 81574 адад аз муомилот барои несту нобуд сохтан боз пас гирифта шуданд.  

Апрель 14, 2010 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар