ДУХТУРИ БЕМОРХОНА БО ПОРА БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ “Ховар”, Жасмин Назарова). – Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони шӯъбаи муборизаи зидди ҷиноятҳои муташакилонаи дар нақлиёт будаи ВКД ҶТ дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ шаҳрванд Фурқат Камбаров соли таваллудаш 1983 сокини ноҳияи Шаҳринав, духтури муассисаи давлатии беморхонаи давлатии “Тандурустӣ”, ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 400 доллари амрикоӣ аз шаҳрванд Иззатулло Амондавлатови 23 сола барои додани варақаи корношоям ба мақсади озод намудан аз хизмати ҳарбӣ, дастгир шуд. Нисбати он далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






