ДУХТУРОН ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ТАҶҲИЗОТИ ТИББИРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши табибону ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Шӯроободу Норак, Қубодиёну Сарбанд, семинари дурӯза оид ба истифодаи дурусти таҷҳизоти тиббӣ ба таври ройгон гузуронида шуд. Семинари мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва маблағгузории Лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ташкил гашта, дар он 94 нафар духтурону ҳамшираҳои шафқати тибби оилавӣ ҷалб гаштаанд. Бояд қайд намуд, ки дар семинар нафароне, даъват шудаанд, ки аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи тандурустии ҷамоъавию заминавӣ курси шашмоҳаи тибби оилавиро гузаштаанду бо борхалтаҳои тиббӣ таъмин шуданд. Дар дохили чунин борхалтаҳои махсус тамоми таҷҳизоти тиббӣ барои сари вақт расонидани кӯмаки аввалия фароҳам оварда шудааст. Инчунин, барои сари вақт безараргардонии таҷҳизоти тиббӣ дар муаасисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ, асбобҳои тамизгардонӣ (Паровой стерилизатор) таъмин карда шуд, ки кори табибонро хеле осон намудаст. Дар замони кунунӣ, барои расондани хизмати тиббии саривақтӣ ва босифат ҳам таҷҳизоти нав ва ҳам дониши мукаммал зарур аст. Аҳолии кишвар, хусусан ноҳияҳои дурдасти он ба хизматрсонии босифат ва замонавӣ ниёз доранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






