ДЗЮДОЧИЁН ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР

Апрель 26, 2010 17:29

Душанбе,  26 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Иттиҳодияи хабарнигорони риштаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Федератсияи дзюдои ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш зидди маводи мухаддир», семинари якрӯзаро  оиди усулҳои коҳиши  истифодабарии маводи мухаддир ва нашъаҷаллобӣ тавассути хабарнигории риштаи варзиш гузаронид. Семинарии мазкурро Шӯъбаи сафорати ИМА оиди назорати маводи мухаддир ва тартиботу ҳуқуқ сарпарастӣ намуд. Дар семинар зиёда аз 20 нафар рӯзноманигорони соҳаи варзиш аз расонаҳои хабарии чопӣ, телевизиону радио ва агентиҳои иттилоотӣ иштирок карданд. Онҳо усулҳои пахши иттилоот дар бораи робитаи байни варзиш ва тарзи солими хаётро мавриди муҳокима қарор доданд. Баъд аз семинар аз 30 апрел то 2 май дар қасри теннис баргузории чемпионати навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо пешбинӣ шудааст. Чорабинӣ маводи тарғиботии ба варзишгарони ҷавон ва мухлисони онҳо равонашудаи алайҳи маводи мухадирро дар бар мегирад.  Он ба ҷавонони зери хавфи истифодабарии маводи мухаддир қарор дошта равона шудааст. Баъди чорабинӣ иштирокчиёни мусобиқа ва устодони варзиш ба ҷойҳои истиқомати худ баргашта бо ҷавонони Душанбе, Хоруғ, Кӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд дар бораи дастовардҳои худ, хатарнокии маводҳои мухаддир, ва эҳтимоли дар оянда монеашавии истифодаи он ба расидан ба орзуҳои онҳо сӯҳбатҳо доир менамоянд.  Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омода аст дастгирии муборизаи алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро тавассути барномаҳои коҳиши талабот ба маводи мухаддир идома дихад.  Шӯъбаи Сафорати ИМА оиди назорати маводи мухаддир ва тартиботу ҳуқуқ аз соли 1992 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои кӯмакрасон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоби умумии зиёда аз 29 миллион доллари амрикоӣ ҳамкорӣ мекунад.  

Апрель 26, 2010 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд