Э.РАҲМОН: «ҲАР ЯК ФАРД БОЯД ХУДРО ОЗОД ҲИС КУНАД»

Апрель 24, 2010 11:02

Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Мову шумо вазифадорем, ки доир ба адои рисолати ниҳоят муҳим таҳия, қабул ва такмили қонунҳо заминаи қонунгузориро таҳким бахшида, пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар давлати  соҳибихтиёри худ ҳамчун арзиши олӣ ҳифз ва таъмин намоем», зикр кард Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2010. Президенти мамлакат зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ афзуд, ки мақсади асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, тамоми нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи се ҳадафи стратегӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ таҳрезӣ шудаанд ва амалӣ карда мешаванд. Ҳадафҳои зикршуда, инчунин ҳимояи манфиатҳои  миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсию иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидоракунии маҳаллӣ, корхонаю муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Апрель 24, 2010 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад