Э. РАҲМОН САФИРОНИ НАВРО ҚАБУЛ НАМУД

Апрель 21, 2010 08:10

20 апрели соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат аз 11 нафар сафирони нави фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуд. Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Иттиҳоди Аврупо Эдуард Ауэр, сафирони Мамлакати Испания Алберто Антон Кортес, Сербия Елитси Куряк, Амороти Муттаҳидаи Араб Иброҳим Ҳасан Сайф ибни Рабиҳ ал – Алӣ, Шоҳигарии Нидерландия Потайт Франс Якоб, Шоҳигарии Норвегия Даг Малмер Халворсен, Филиппин Ҷесус Инес Ябес, Шоҳигарии Марокаш Ҳасан Ҳамӣ, Индонезия Моҳамад Асручин, Ҷумҳурии Корея Чун Дай — ван ва Давлати Қатар Сайар ибн Абдурраҳмон ал Мавдаҳ эътимоднома супурданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт: — «имсол дар доираи татбиқи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ бояд сохторҳои нав таъсис ёфта, ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дар густариши робитаҳои миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боис шаванд». Таъкид  гардид, ки сатҳи ҳамкории имрўзаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҷавобгўйи имкону захираҳои фарохи мавҷуда нест. «ҷойи кўмакҳои башардўстонаро бояд ҳамкории бунёдии иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди истеҳсолот бигирад», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз ҳамкорӣ бо Испания, Нидерландия ва Норвегия, ки ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таҳкими амнияти минтақавӣ дар он мақоми марказӣ дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба сатҳи ҳамкорӣ бо Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Корея ва  Индонезия баҳои баланд дода шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки муносибатҳо бо Филиппин ва Шоҳигарии Марокаш низ дар солҳои наздик тавассути кўшишҳои дуҷониба ба сатҳу сифати нав бароварда мешаванд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки сафирони нав барои таҳким ва густариши муносибатҳои дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 21, 2010 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст