Э. РАҲМОН САФИРОНИ НАВРО ҚАБУЛ НАМУД
20 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат аз 11 нафар сафирони нави фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуд. Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Иттиҳоди Аврупо Эдуард Ауэр, сафирони Мамлакати Испания Алберто Антон Кортес, Сербия Елитси Куряк, Амороти Муттаҳидаи Араб Иброҳим Ҳасан Сайф ибни Рабиҳ ал – Алӣ, Шоҳигарии Нидерландия Потайт Франс Якоб, Шоҳигарии Норвегия Даг Малмер Халворсен, Филиппин Ҷесус Инес Ябес, Шоҳигарии Марокаш Ҳасан Ҳамӣ, Индонезия Моҳамад Асручин, Ҷумҳурии Корея Чун Дай — ван ва Давлати Қатар Сайар ибн Абдурраҳмон ал Мавдаҳ эътимоднома супурданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт: — «имсол дар доираи татбиқи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ бояд сохторҳои нав таъсис ёфта, ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дар густариши робитаҳои миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боис шаванд». Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории имрўзаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҷавобгўйи имкону захираҳои фарохи мавҷуда нест. «ҷойи кўмакҳои башардўстонаро бояд ҳамкории бунёдии иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди истеҳсолот бигирад», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз ҳамкорӣ бо Испания, Нидерландия ва Норвегия, ки ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таҳкими амнияти минтақавӣ дар он мақоми марказӣ дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба сатҳи ҳамкорӣ бо Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Корея ва Индонезия баҳои баланд дода шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки муносибатҳо бо Филиппин ва Шоҳигарии Марокаш низ дар солҳои наздик тавассути кўшишҳои дуҷониба ба сатҳу сифати нав бароварда мешаванд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки сафирони нав барои таҳким ва густариши муносибатҳои дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






