ФАЪОЛИЯТИ НОЗИРОНИ МИНТАҚАВӢ СУСТ АСТ

Апрель 23, 2010 17:38

ВМКБ,  23 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).-  Дар нишасти матбуотие, ки 21 апрели соли ҷорӣ  баргузор гардид, сарварони Раёсати корҳои дохилаи ВМКБ ширкат варзиданд. Дар нишасти матбуотӣ иттилоь дода шуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 71 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 20 адад камтар аст. Ошкоркунии ҷиноят 83,8 дарсад ва нисбат ба се моҳи аввали соли 2009  2 дарсад зиёдтар аст. Аз 19 дуздӣ ва 9 авбошӣ 6-то ошкор гардиданд. 56 нафар дар кофтукови ҷиноятӣ буданд, ки 22 нафарашон дастгир шуданд, дар се моҳи аввали  соли 2009 ҳамагӣ се нафар ҷинояткор дастгир шудаанд. Аз аҳолӣ 70 адад силоҳ гирд оварда шуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки фаъолияти нозирони минтақавӣ, ки чашму гӯши милиса дар маҳаллҳотанд мувофиқи талаб ба роҳ монда нашудааст. Дар сохторҳои гуногуни раёсат 40 нафар милиса, аз ҷумла дар бозрасии давлатии автомобилӣ 3-нафар намерасад. Ҳанӯз ҳам ба кормандони милиса дарафтодани авбошон ба назар мерасад.     

Апрель 23, 2010 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд