ФАРЗАНДИ ЭМОМАЛӢ БАРАНДАИ МЕДАЛИ ТИЛЛО
33 нафар хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ оид ба асосҳои илм дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия иштирок намуда, рӯзи 7 апрел бо 31 медал ба Ватан омаданд. Онҳо соҳиби 5 медали тилло, 9 медали нуқра, 17 медали биринҷӣ ва ду ҷойи ифтихорӣ шуданд. Медали тиллоӣ аз фанни забони русӣ насиби хонандаи синфи 6 – уми литсейи президентии шаҳри Душанбе Раҳмонова Фарзона — фарзанди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гашт. Хотиррасон бояд намуд, ки чунин олимпиада бо иштироки хонандагони синфҳои 5 – 9 бори 6 – ум баргузор мегардад. Хонандагони болаёқади Тоҷикистон бори аввал дар он иштирок намуда, соҳиби медалҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ шуданд ва барои иштироки Ватани худ дар олимпиадаи соли оянда, ки дар Олмон баргузор хоҳад шуд, замина муҳайё намуданд. Олимпиада аз фанҳои забони русӣ , адабиёти рус, забони англисӣ, биология, математика, физика ва кимиё сурат гирифтааст. Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар олимпиада аз ҷиҳати шумораи иштироккунандагон баъди Федератсияи Россия дар ҷойи дуюм қарор дошт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






