ГЕНЕРАТОРҲО БА МАРКАЗҲОИ ТИББИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Чуноне, ки маълум аст, дар кишвар вобаста ба мушкилоти норасоии барқ аҳолӣ танқисӣ мекашад. Аз ҳама зиёд норасоии барқ барои кори мунтазам ва босифати муассисаҳои тандурустӣ халали ҷиддӣ мерасонад. Бо мақсади таъмини кори мунтазами муассисаҳои табобатии кишвар Маркази татбиқи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ ба ноҳияҳои вилояти Хатлон: Шурообод, Сарбанд, Норак, Қабодиён, инчунин шаҳри Душанбе генераторҳо тақсим намуд. Инчунин, 13 генераторҳои дизелии пуршиддат, ки 12кВт қурб доранд, барои Марказиҳои саломатии деҳотӣ ва ба Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва ахбороти тиббии шаҳри Душанбе тақсим карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ, ислоҳоти соҳаи танудурустиро татбиқ менамояд, дар баробари сохтмони муассисаҳои тиббӣ, омӯзиши кормандони тибб ва таъмин бо асбобҳои тиббию корӣ, муҷаҳҳазсозӣ ва таъмини пурраи марказҳои саломатӣ ва хонаҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ фаолият мебарад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






