ГЕНЕРАТОРҲО БА МАРКАЗҲОИ ТИББИИ ҶУМҲУРӢ

Апрель 16, 2010 12:13

Душанбе,  16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Чуноне, ки  маълум аст, дар кишвар вобаста ба мушкилоти норасоии барқ аҳолӣ танқисӣ мекашад. Аз ҳама зиёд норасоии барқ барои кори мунтазам ва босифати муассисаҳои тандурустӣ халали ҷиддӣ мерасонад. Бо мақсади таъмини кори мунтазами муассисаҳои табобатии кишвар Маркази татбиқи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ ба  ноҳияҳои вилояти Хатлон: Шурообод, Сарбанд,  Норак,  Қабодиён, инчунин шаҳри Душанбе генераторҳо тақсим намуд. Инчунин, 13 генераторҳои дизелии пуршиддат, ки 12кВт қурб  доранд, барои Марказиҳои саломатии деҳотӣ ва ба Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва ахбороти тиббии шаҳри Душанбе тақсим  карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ,   ислоҳоти соҳаи танудурустиро татбиқ менамояд, дар баробари сохтмони муассисаҳои тиббӣ, омӯзиши кормандони тибб ва таъмин бо асбобҳои тиббию корӣ, муҷаҳҳазсозӣ ва таъмини пурраи марказҳои саломатӣ ва хонаҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ фаолият мебарад.  

Апрель 16, 2010 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад