ГЕРОИН ДАР АНҶОМХОНА
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори Вазорати корҳои дохилӣ дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ миқдори зиёди маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, шаҳрванд Ҷӯра Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш аз анҷомхона 22 кг 740 гр маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт шаҳрванд Раҳим Давлатов, соли таваллудаш 1987, сокини кўчаи Миралии шаҳри Душанбе дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ў зиёда аз 27 кг маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






