«ГИРЕҲ ДАР ГӮЛУ» — ФИЛМИ НАВИ БАДЕИИ ВАТАНӢ
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати корҳои дохилӣ банаворгирии филми бадеии «Гиреҳ дар гӯлу» — ро бахшида ба ҷашни 20 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ шурӯъ намуд. Ғоя ва сужаи асосии филмро инъикоси таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили қочоқи маводи нашъаовар ва экстремистӣ дар бар мегирад. Лаҳзаҳои алоҳидаи филм дар ноҳияҳои наздимарзии Шӯроободу Ҳамадонӣ, шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат, Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон наворбардорӣ шуда, барои офаридани нақшҳои асосии он ҳунармандони варзидаи соҳаи кинову театри ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд. Филмнома аз лаҳзаҳои ҷаззобу тамошобоби боздошти дастаи ҷиноятпеша аз ҷониби воҳидҳои таъиноти махсус, бархӯрдҳои мусаллаҳона дар пойгоҳҳои машқу тамрини ҷангҷӯёни экстремист ва тундравони исломӣ иборат буда, ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллиро ошкор месозад. Муаллифи филмнома «Гиреҳ дар гӯлу» Саиданвар Камолов буда, коргардони он Носир Раҳмонов мебошад. Қарор аст, филми мазкур миёнаҳои моҳи июли соли равон баъди пурра ба анҷом расидани корҳои наворбардорӣ ва танзиму бандубаст манзури дӯстдорони синамои ватанӣ гардад. Ҳамзамон филми мазкур ба забонҳои русӣ ва англисӣ баргардон шуда, барои доираи тамошобинони хориҷи кишвар низ намоиш дода мешавад.