«ГИРЕҲ ДАР ГӮЛУ» — ФИЛМИ НАВИ БАДЕИИ ВАТАНӢ

Апрель 15, 2010 11:22

  Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо  Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати корҳои дохилӣ банаворгирии филми бадеии «Гиреҳ дар гӯлу» — ро бахшида ба ҷашни 20 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ шурӯъ намуд. Ғоя ва сужаи асосии филмро инъикоси таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили қочоқи маводи нашъаовар ва экстремистӣ дар бар мегирад. Лаҳзаҳои алоҳидаи филм дар ноҳияҳои наздимарзии Шӯроободу Ҳамадонӣ, шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат, Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон наворбардорӣ шуда, барои офаридани нақшҳои асосии он ҳунармандони варзидаи соҳаи кинову театри ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд. Филмнома аз лаҳзаҳои ҷаззобу тамошобоби боздошти дастаи ҷиноятпеша аз ҷониби воҳидҳои таъиноти махсус, бархӯрдҳои мусаллаҳона дар пойгоҳҳои машқу тамрини ҷангҷӯёни экстремист ва тундравони исломӣ иборат буда, ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллиро ошкор месозад. Муаллифи филмнома «Гиреҳ дар гӯлу» Саиданвар Камолов буда, коргардони он Носир Раҳмонов мебошад. Қарор аст, филми мазкур миёнаҳои моҳи июли соли равон баъди пурра ба анҷом расидани корҳои наворбардорӣ ва танзиму бандубаст манзури дӯстдорони синамои ватанӣ гардад. Ҳамзамон филми мазкур ба забонҳои русӣ ва англисӣ баргардон шуда, барои доираи тамошобинони хориҷи кишвар низ намоиш дода мешавад.            

Апрель 15, 2010 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид