ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТ БО РАИСОНИ ХАТЛОН

Апрель 14, 2010 07:43

13 апрели соли 2010 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳри Кўлобу ноҳияи Восеъ Ҳамид Абдуллоев ва Султон Валиев оид ба рафти бартарафсозии  оқибатҳои офатҳои табиии рўзҳои охир телефонӣ ҳисобот доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳои зарурӣ баҳри бартараф намудани оқибатҳои боришоти шадиди борон ва обхезӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Шурообод, Балҷувон ва  Ховалинги вилояти Хатлон муташаккилона ба роҳ монда шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро вазифадор намуд, ки баҳри  ғамхорӣ зоҳир намудан ба аҳолии зарардида, хусусан  дар  ноҳияи Восеъ ва тезонидани  корҳо баҳри ҳар чи зудтар бартараф намудани  оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои  судбахш андешанд. Онҳо ҳамчунин вазифадор шуданд, ки ба комиссияи ҳукуматӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баҳри  босамар анҷом додани вазифаҳо оид ба кўмакрасонӣ ба мардуми зарардида ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 14, 2010 07:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад