ГУМРУКЧИЁН КОМПЮТЕР МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақомоти гумрук бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ дар доираи Консепсияи гумрук ва рушди инфраструктура «Системаи ягонаи автоматикунонидашудани иттилоотӣ» чораҳои заруриро амалӣ менамоянд. Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳа, ки дар асоси созишнома миёни Ҷумхурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд татбиқ шудааст, оид ба такмили тахассуси кормандони мақомоти гумрук барои фаъолият дар шароити нав бо истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар давоми се моҳ омӯзиши асосҳои дониши компютерии кормандон ба роҳ монда шудааст. Бино ба гуфти омӯзгор Сайфулло Ҳикматов, барномаи мазкур аз ду марҳила иборат буда, омӯзиши он то охири соли ҷорӣ давом дорад. Он зиёда аз ҳазор нафар кормандони гумрукро дарбар мегирад. Айни замон дар марҳилаи аввал 540 нафар кормандони гумрук савияи тахассуси касбии худро дар ин ҷода такмил доданд. Бояд қайд намуд, ки ба ин машғулиятҳо кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии мақомоти гумрук даъват карда шуда, ба онҳо устодони ботаҷриба ва олимони соҳаи компютерии мактабҳои олии ҷумҳурӣ дарс мегӯянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






