ГУРӮҲИ КОРӢ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД

Апрель 26, 2010 11:37

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани вохӯрии қарибулвуқуъ бо намояндагони беш аз 60 ташкилоту созмонҳои байналхалқию хориҷии донории мустақар дар ҶТ бобати ҷалб намудани инвеститсияҳо дар мавриди рушди  минбаъдаи соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамачониба омодагӣ мегирад. Бо ин мақсад аз 25 – уми марти соли 2010 фармони вазир ба тасвиб расид, ки тибқи он гурӯҳи корӣ дар ҳайати 12 нафар бо роҳбарии муовини аввали вазир Эмин Сангинов таъсис дода шудааст. Гурӯҳ муваззаф гардидааст, ки  зимни конфронс  ба масоили саҳми ҳукумат дар татбиқи лоиҳаи амалкунанда, корҳои анҷомдодаи вазорат ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии ахолӣ  пешниҳоди мушкилоти мавҷудаи  таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ, муҳоҷират, ҷараёни ислохоти соҳа ва натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷӯх зоҳир намояд. Ҳамзамон гурӯҳи корӣ  ба муайян намудани номгӯи ташкилоту созмонҳои донории ширкаткунанда, таҳияву омода кардани матну лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ирсоли даъватномаҳо, омода намудани матолиби нашрӣ, бейҷикҳо, таъминоту таҷҳизоти техникӣ машғуланд ва ҳар ҳафта оид ба корҳои иҷрошуда дар ҷаласаи назоратии назди вазир иттилоия  пешниҳод менамояд,- иброз дошт мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ф. Фозилов ба мухбири АМИТ «Ховар».       

Апрель 26, 2010 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст