ГУРӮҲИ КОРИИ «РОССОТРУДНИЧЕСТВО» БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Гурӯҳи кории Агентии ҳамкории байналмилалии Русия бо мамлакатҳои ИДМ таҳти роҳбарии муовини сардори раёсати мусоидат ба рушди ҳамкорӣ дар мамлакатҳои ИДМ Игор Чихринов 7 апрел ба Душанбе ташриф меорад. Ба ҳайат инчунин намояндаи агентии мазкур дар Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон Сергей Кисилёв ва мушовири Раёсати мусоидат ба рушди ҳамкорӣ дар мамлакатҳои ИДМ Андрей Иванов шомиланд. Меҳмонон зимни сафар бо сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милиса Сафиаллоҳ Девонаев мулоқот хоҳанд кард. Дар ҷараёни ин мулоқот нақшаҳои ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ карда мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






