ГУРӮҲИ КОРИИ «РОССОТРУДНИЧЕСТВО» БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Апрель 3, 2010 12:11

Душанбе,  3 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Гурӯҳи  кории  Агентии  ҳамкории  байналмилалии  Русия  бо   мамлакатҳои  ИДМ таҳти роҳбарии  муовини  сардори  раёсати   мусоидат  ба  рушди  ҳамкорӣ  дар  мамлакатҳои  ИДМ  Игор Чихринов  7  апрел  ба  Душанбе ташриф  меорад.  Ба  ҳайат  инчунин намояндаи агентии  мазкур  дар  Сафоратхонаи  Русия  дар  Тоҷикистон  Сергей  Кисилёв  ва   мушовири  Раёсати  мусоидат ба  рушди  ҳамкорӣ дар   мамлакатҳои  ИДМ  Андрей  Иванов  шомиланд. Меҳмонон  зимни  сафар  бо  сардори  Хадамоти  муҳоҷирати  Вазорати  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  полковники  милиса  Сафиаллоҳ  Девонаев  мулоқот  хоҳанд  кард. Дар  ҷараёни  ин  мулоқот  нақшаҳои  ҳамкорӣ  дар  масъалаҳои  муҳоҷирати  меҳнатӣ  баррасӣ  карда  мешаванд.

Апрель 3, 2010 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид