ГУСЕЛИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Апрель 6, 2010 16:50

Душанбе, 6 апрел. (НИАТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар саҳни комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд маросими гусели 40 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов наваскаронро табрик намуда, дар адои хизмати ҳарбӣ муваффақиятҳо таманно кард. Инчунин, иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ ва модарони наваскарон ба ҷавонони ба хизмати аскарӣ даъватшуда роҳи сафед ва хизмати содиқона орзу намуда, онҳоро ба хизмати софдилона ва ҳифзи марзу буми хоки Ватан ҳидоят намуданд. Дар навбати худ наваскарон масъулин ва волидайнро бовар кунонданд, ки содиқона ва сазовори номи аскари Ватан хизмат мекунанд.  

Апрель 6, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!