ГУСТАРИШИ САРҲАДИ ДОНИШ

Апрель 15, 2010 10:24

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соҳаи табъу нашр, бахусус китоб ва маҷаллоти илмӣ яке аз унсурҳои хеле муқтадири тарғиби тамаддун ва фарҳанг аст. Аз ин рў, ҳар кишвар кўшиш мекунад, то фарҳанги худро дар ҷаҳон мондагор созад. Тайи чанд рўзи охир, масъулини фирмаи «Информнаука»- и шаҳри Маскави Россия дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бо олимону муҳаққикони тоҷик мулоқот анҷом медиҳанд. Аз маркази матбуоти Академияи илмҳо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки субҳи 15 апрел намояндагони ин ташкилот бо ноиби президенти АИ ҶТ, академик Каримов Х. мулоқот намуда, масоили робитаҳои ҳасанаи дуҷониба, доду гирифти маълумоти илмӣ ва таъмини маводи чопии илмиро баррасӣ карданд. Намояндагони «Информнаука» ба Тоҷикистон як зумра матбуоти илмиро овардаанд, ки дар китобхонаи АИ ҶТ ба маърази тамошо гузошта шудааст. «Информнаука» хадамоти обунавист, ки матбуоти илмии Россияро ба забони русиву англисӣ  дар хориҷ аз он тарғиб мекунад. Фаъолияти ин ташкилот иборат аз таъмини обунаи мизоҷон дар хориҷ аз Руссия бо маводи чопии илмӣ буда, маҳсулоти пешниҳод мекардаи он ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аст.

Апрель 15, 2010 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд