ГУЗАРИШ БА ШАКЛҲОИ МУОСИРИ БОНКДОРӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Яке аз иқдомҳои афзалиятнок ва рўзмарраи роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории (БДА) «Амонатбонк», ки соли гузашта ба он оғоз бахшида шуда буд, ин гузариш дар тамоми самтҳои фаъолияти бонкӣ ба хизматрасониҳо ва шаклҳои муосиру пешқадами ҷаҳонӣ мебошад. «Албатта дар марҳалаи аввал ин иқдом ба мушкилот ва монеъаҳо дучор меояд ва як миқдор мизоҷон ва кормандонро низ ба ҳаррос меорад, аммо замон инро талаб мекунад ва таҷрибаи мамлакатҳои пешқадам дурустию самаранокии онро собит менамояд.», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки , сармояи умумии бонк ба санаи 1 апрели соли 2010 маблағи 117,3 миллион сомонӣ, активҳо 638,9 миллион сомониро ташкил дода, аз ҷониби Вазорати молия дар ҳаҷми 6 миллион сомонӣ сармояи оинномавии бонк дар ин давра пурра карда шуд. Нишондиҳандаҳои дигари фаъолияти семоҳаи муассисаҳои БДА «Амонатбонк» аз паси сар шудани мушкилот ва монеъаҳои бӯҳрони соли гузашта шаҳодат медиҳанд. Дар тамоми самтҳои фаъолият ва хизматрасониҳо тибқи ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон муваффақияту беҳбудиҳо дида мешаванд, — қайд кард Г. Ҳасанова.