ГУЗАРИШ БА ШАКЛҲОИ МУОСИРИ БОНКДОРӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ

Апрель 16, 2010 16:13

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  Яке аз иқдомҳои афзалиятнок ва рўзмарраи роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории (БДА) «Амонатбонк», ки соли гузашта ба он оғоз бахшида шуда буд, ин гузариш дар тамоми самтҳои фаъолияти бонкӣ ба хизматрасониҳо ва шаклҳои муосиру пешқадами ҷаҳонӣ мебошад. «Албатта дар марҳалаи аввал ин иқдом ба мушкилот ва монеъаҳо дучор меояд ва як миқдор мизоҷон ва кормандонро низ ба ҳаррос меорад, аммо  замон инро талаб мекунад ва таҷрибаи  мамлакатҳои пешқадам  дурустию самаранокии онро собит менамояд.», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова.   Ӯ ҳамчунин афзуд, ки , сармояи умумии бонк ба санаи 1 апрели соли 2010 маблағи 117,3 миллион сомонӣ, активҳо 638,9 миллион сомониро ташкил дода, аз ҷониби Вазорати молия дар ҳаҷми 6 миллион сомонӣ сармояи оинномавии бонк дар ин давра пурра карда шуд.   Нишондиҳандаҳои дигари фаъолияти семоҳаи муассисаҳои БДА «Амонатбонк» аз паси сар шудани мушкилот ва монеъаҳои бӯҳрони соли гузашта шаҳодат медиҳанд.  Дар тамоми самтҳои фаъолият ва  хизматрасониҳо тибқи ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон муваффақияту беҳбудиҳо дида мешаванд, — қайд кард Г. Ҳасанова.            

Апрель 16, 2010 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид