ХАРҶИ НОҶОЙ — НИШОНИ ФАРҲАНГИ ПАСТ
Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). –Роҷеъ ба риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини раиси ВМКБ Арамбегим Маҳтобшоева ва мудири бахши танзиму анъанаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хусрав Рақамов бо сокинони деҳаи Баҳррўшони ноҳияи Рўшон мулоқот намуданд. Зимни мулоқот қайд гардид, ки мақсади тавлиди ин Қонун пешгирӣ кардани хароҷоти зиёдативу пешбурди рўзгори мардум аст. Сокинон ин иқдомро дастгирӣ карда, гуфтанд, нафароне ҳастанд, ки сарватманд буданашонро нишон доданӣ шуда, баъзан харҷҳои ноҷой мекунанд, ҳол он ки, харҷи беҳуда маънои сарватмандиро надорад, балки фарҳанги паст доштани шахсро собит мекунад. Иштирокдорони мулоқот ба хулоса омаданд, ки минбаъд назоратро на танҳо кормандони бахши танзиму анъана, инчунин худи мардум низ ба зимма мегиранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






