ХАРҶИ НОҶОЙ — НИШОНИ ФАРҲАНГИ ПАСТ

Апрель 24, 2010 11:07

Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). –Роҷеъ ба риояи Қонуни ҶТ  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини раиси ВМКБ Арамбегим Маҳтобшоева ва мудири бахши танзиму анъанаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хусрав Рақамов бо сокинони деҳаи Баҳррўшони ноҳияи Рўшон мулоқот намуданд. Зимни мулоқот қайд  гардид, ки мақсади тавлиди ин Қонун пешгирӣ кардани хароҷоти зиёдативу пешбурди рўзгори мардум аст. Сокинон ин иқдомро дастгирӣ карда, гуфтанд, нафароне ҳастанд, ки сарватманд буданашонро нишон доданӣ шуда, баъзан харҷҳои ноҷой мекунанд, ҳол он ки, харҷи беҳуда маънои сарватмандиро надорад, балки фарҳанги паст доштани шахсро собит мекунад. Иштирокдорони мулоқот ба хулоса омаданд, ки минбаъд назоратро на танҳо кормандони бахши танзиму анъана, инчунин худи мардум низ ба зимма мегиранд.

Апрель 24, 2010 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид