ХАРГӮШҲОИ «ДОМУЛЛО» БОЗОРҲОРО ПУР МЕКУНАНД

Апрель 9, 2010 08:54

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мардум чун огаҳӣ пайдо кунанд, ки ин ё он соҳа даромаднок аст, бо ҳар роҳ рушди он соҳаро ба даст мегиранд,- мегӯяд сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ Музаффар  Мирзоев. ҶДММ «Домулло» — и ноҳияи Рӯдакӣ баъди омӯзиши таҷрибаи соҳаи харгӯшпарварӣ дар хориҷи кишвар, онро дар хоҷагии навтаъсиси харгӯшпарварии худ ба роҳ монд. Ҳоло ин Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд бо методи акселоратсия — (инкишофи босуръати организм), ки маҳсули академик Михалков мебошад, парвариши харгӯшро  ба роҳ мондааст. Хоҷагӣ маҳсулоти истеҳсол кардаи худро чун гӯшти парҳезӣ ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда фоидаи калоне ба даст меорад. Боис ба ёдоварист, ки дар хоҷагиҳои харгӯшпарварии ҷумҳурӣ наздик ба 43 ҳазор сар харгӯш парвариш меёбад.

Апрель 9, 2010 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд