ИҚДОМИ НАВИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи харгӯшпарварӣ, мутахассисони Вазорати кишоварзӣ лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарвариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2015» ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Ҳадафи асосии ин барнома, таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ мебошад. Ба гуфти мутахассисон баробари таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ, саноати сабуки ҷумҳуриро бо мӯина барои истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ ва пӯсти харгӯшро барои истеҳсоли пойафзол, дастпӯшак ва телпак таъмин менамоянд. Қабули барномаи мазкур дар ҳалли барномаи озуқавории кишвар мусоидат хоҳад кард,- иброз доштанд дар вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар».








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






