ИҶОЗАТНОМАИ 3 ШИРКАТ БОЗХОНДА МЕШАВАД

Апрель 13, 2010 12:19

Душанбе, 13 апреля. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якчанд ширкати геологию ҷустуҷӯӣ, ки барои фаъолият намудан иҷозатнома гирифтаанд, норизо аст, -гуфт сардори саридораи мазкур Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз,13 апрел дар Душанбе баргузор гардид,  Бино ба гуфти ӯ, иҷозатномаҳои ширкатҳои ҶММ «Синержи», «Авесто О2», «Нурафзои ширин» бозхонда мешаванд, зеро ин ширкатҳо дар доираи қонун фаъолият накарданд. Масалан, ширкати «Синержи»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, ки барои омӯзиши кони мармар иҷозатнома гирифта буд, дар давоми як сол ба фаъолият шурӯъ накард. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкату ҷамъиятҳои саҳҳомиҳое, ки барои 5 соли фаъолият иҷозатнома ба даст оварда, дар  соли аввали он  фаъолият намекунанд, аз иҷозатнома маҳрум карда мешаванд.   Азим Иброҳим зикр намуд, ки дар семоҳаи авали соли ҷорӣ иҷозатномаи ширкати ҶММ «Насими Искодар» бо сабаби фаъолият накарданаш қатъ гардид. «Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ширкатҳои дохилу хориҷи кишвар 200 иҷозатнома барои корҳои истихроҷӣ ва 68 иҷозатнома барои корҳои омӯзишӣ-геологӣ дода шудааст»,- афзуд Азим Иброҳим.  

Апрель 13, 2010 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд