ИҶОЗАТНОМАИ 3 ШИРКАТ БОЗХОНДА МЕШАВАД
Душанбе, 13 апреля. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якчанд ширкати геологию ҷустуҷӯӣ, ки барои фаъолият намудан иҷозатнома гирифтаанд, норизо аст, -гуфт сардори саридораи мазкур Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз,13 апрел дар Душанбе баргузор гардид, Бино ба гуфти ӯ, иҷозатномаҳои ширкатҳои ҶММ «Синержи», «Авесто О2», «Нурафзои ширин» бозхонда мешаванд, зеро ин ширкатҳо дар доираи қонун фаъолият накарданд. Масалан, ширкати «Синержи»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, ки барои омӯзиши кони мармар иҷозатнома гирифта буд, дар давоми як сол ба фаъолият шурӯъ накард. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкату ҷамъиятҳои саҳҳомиҳое, ки барои 5 соли фаъолият иҷозатнома ба даст оварда, дар соли аввали он фаъолият намекунанд, аз иҷозатнома маҳрум карда мешаванд. Азим Иброҳим зикр намуд, ки дар семоҳаи авали соли ҷорӣ иҷозатномаи ширкати ҶММ «Насими Искодар» бо сабаби фаъолият накарданаш қатъ гардид. «Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои дохилу хориҷи кишвар 200 иҷозатнома барои корҳои истихроҷӣ ва 68 иҷозатнома барои корҳои омӯзишӣ-геологӣ дода шудааст»,- афзуд Азим Иброҳим.








Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






