«ИМДОД» ДАР СУҒДУ БАДАХШОН ТӮЙҲОИ АРӮСӢ БАРПО МЕНАМОЯД
Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо роҳбари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки намояндагии кумитаи мазкур дар доираи тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, тасмим гирифтааст, ки тобистони соли равон тӯйи арӯсии 180 ҷуфт ҷавонони оилаҳои ниёзмандро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент баргузор намояд. Дар навбати худ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов аз сатҳи ҳамкориҳои ду ниҳод ҷиҳати расонидани кӯмакҳо ва барпо намудани тӯйҳои арӯсии ҷавонони оилаҳои ниёзманд дар Тоҷикистон арзи сипос намуд. Мавриди зикр аст, ки намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ муддати 15 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дошта, рисолати он расонидани кӯмакҳои моддӣ, тиббӣ ва таълимӣ ба ниёзмандон, маъюбон ва шахсони барҷомондаю ятимон аст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






