ИМЗОИ БАРНОМАИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз дар Пекин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сзечи мулоқот кард. Зимни мулоқот вазъи имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, инчунин ҳамкории онҳо дар доираи СҲШ баррасӣ карда шуданд. Инчунин ба баъзе масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла, вазъияти минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Қирғизистон дахл карда шуд. Ҳ.Зарифӣ ва Я.Сзечи баъдан масъалаи гузаронидани маҷлиси вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ – ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар фарҷоми мулоқот барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии хар ду кишвар имзо карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз инчунин бо муовини вазири тиҷорати Чин Гао Хучен мулоқот анҷом дод. Қайд карда шуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол байни ҳар ду кишвар сол то сол меафзояд. Маблағи хариду фурӯши мол байни хар ду кишвар соли 2009 – ум бештар аз 1 миллиард доллари ИМА – ро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






