ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

Апрель 30, 2010 16:46

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 29 апрели соли равон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии дуҷонибаи ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гашт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби вазирони корҳои дохилӣ ҷаноби  Абдурраҳмон Малик Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Абдураҳим Қаҳҳоров Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мубориза бо ҷинояткорӣ ба имзо расид. Санади ба имзорасида ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, терроризм, экстремизми динӣ, қочоқи осори ҳунарӣ ва мероси фарҳангӣ, коҷоқи аслиҳа ва маводи тарканда, табодули маълумот оиди кофтукови шахсоне, ки аз кофтукови ҷиноӣ ё ин, ки иҷрои ҷазо паноҳ мебаранд, инчунин шахсоне, ки бе ному нишон гумм шудаанд ва боз чанд масъалаҳои муҳиме, ки дар кори мубориза бар ҷинояткорӣ таъсири мусбӣ мерасонанд, ба танзим медарорад. Бояд қайд намуд, ки сафари расмии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби  Абдурраҳмон Малик барои таҳкими фаъолияти муштараки мақомоти дохилаи ҳар ду кишвар мусоидат мекунад.  

Апрель 30, 2010 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд